Умед Бобохонов: Доираи "хатти сурх" боз ҳам тангтар шуд.
     TJ RU EN
02:25 / 2024-11-29

Умед Бобохонов: Доираи "хатти сурх" боз ҳам тангтар шуд.

Аз чопи шумораи аввалини "Азия-Плюс", яке аз нашрияҳои бонуфуз дар Тоҷикистон, 20 сол гузашт. Умед Бобохонов, муассис ва сардабири нашрия, гуфт, дар ин муддат тавонистанд хонандаи худро пайдо карда, ба яке аз ҳафтаномаҳои беҳтарин табдил ёбанд. Аммо, ба қавли ӯ, солҳои ахир фазои корӣ барои онҳо ва расонаҳои дигари мустақил дар Тоҷикистон тангтар ва доираи "хатти сурх" маҳдудтар шудааст.

Суҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Умед Бобохонов рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар аввал аз Бобохонов пурсидем, ки аз маҳсули кори худ дар ин муддат то куҷо розист? Умед Бобохонов: "Дар умум, бисёр ифтихор мекунем, ки ингуна рӯзномаро нашр мекунем. Шумораи аввали ҳафтанома бо мушкил рӯйи чоп омад. Он вақт таҷриба надоштем. Ҳафтанома ба ҷойи он ки дар аввали моҳи январи соли 2000-ум чоп шавад, се ҳафта дертар ба нашр расид. Тоҷикон як мақол доранд: "дер ояду шер ояд" ва ин чиз дар мисоли мо амалӣ гашт. Нашрияи мо дар муддати кӯтоҳ хонандаи худро пайдо кард ва яке аз беҳтарин ҳафтаномаҳои русзабони Тоҷикистон шуд ва ҳанӯз ҳаст." Радиои Озодӣ: Вале онҳое, ки мақолаҳои нашрияро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, "Азия-Плюс" дар солҳои охир аз чопи матолиби танқидиву сиёсӣ то ҷое канор меравад ва бештар бо нашри хабарҳо иктифо мекунад. Бо ин интиқодҳо розӣ ҳастед? Умед Бобохонов: На фақат "Азия Плюс", балки расонаҳои дигар низ дар баррасии мавзӯъҳо иваз шуданд. Чун вазъият дигар шуд, вазъияти сиёсӣ дигар шуд. Он чизе, ки мо метавонистем дар нимаи солҳои 2000-ум бигӯем, ҳозир гуфтанаш мушкил аст. Агар гӯед, метавонед бо мушкилот рӯ ба рӯ шавед. Фикр мекунам, дар ин давра баъзе мавзуъҳое ҳастанд, ки мо бояд худдорӣ кунем ё хеле боэҳтиёт бошем." Радиои ОзодӣЯъне, ба ин бовар ҳастед, ки барои "Азия Плюс" ва расонаҳои дигари мустақил дар Тоҷикистон "хатти сурх" вуҷуд дорад? Умед Бобохонов: "Ин хат пеш ҳам вуҷуд дошт, аммо боз маҳдудтар шуд. Ин воқеият аст. Мутаассифона, ин воқеиятро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа ва дунё мебинем. Умед дорам, ин марҳила ҳам рӯзе тамом мешавад ва фазое, ки журналистони тоҷик кор мекунанд, васеътар мешавад." Радиои Озодӣ: Охирҳои соли 2019 овозаҳои мухталифе шунидем, ки гӯё медиа-ҳолдинги "Азия-Плюс"-ро фурӯхтед ва нархаш ҳам 1 миллион доллар будааст ва бо ҳамин сабаб ҳам бархе аз кормандон аз кор рафтаанд? Ин гапҳо то куҷо ҳақиқат дорад? Умед Бобохонов: "Ягон кас аз рӯи инхабарҳо аз кор нарафтааст. Аз аввал намедонам, кӣ ин овозаро баровардааст. Ин дурӯғ буд ва ягон асос надошт. Шояд ба хотири онки фарзандони ман берун аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд ва худи ман ҳам бо оилаам берун аз Тоҷикистон будам. Шояд сабаби пайдо шудани ин овозаҳо дар ин буд, ки камтар дар дафтари кории худам будам. Ин чиз асос надорад, мо ҳаминҷо кор мекунем ва барои оянда нақшаву умедҳои зиёд дорем." Радиои Озодӣ: Шумо шахсан аз кор дар Тоҷикистон дилсард нашудед ва кишварро тарк карданӣ нестед? Умед Бобохонов: "Ба ҳамон дилсардие, ки мегӯед, хусусан қишри зиёӣ ва аҳли эҷод рӯбарӯ мешаванд. Ман ҳам 10-12 сол пеш инро ҳис кардам. Шояд ин сабаб буд, ки вақте писаронам барои таҳсил ба хориҷа рафтанд, гуфтам, биё як муддате берун аз Тоҷикистон бошам ва каме аз кори ҳамарӯза дуртар шавам. Аммо чанд вақт гузашт, фикр кардам, ки ватан ватан аст. Дар инҷо сарфи назар аз онки чӣ мушкилоте ҳаст, худамро роҳаттар ҳис мекунам." "Фазо барои кори расонаҳои мустақил созгор нест" Радиои Озодӣ: Дар бист соли охир нашрияҳои зиёди пештози сиёсӣ ё аз бозор рафтанд ё маҷбур шуданд, ки баста шаванд. Журналистони зиёде ҳам тарки Тоҷикистон карданд. То куҷо фазои сиёсиву ҷамъиятӣ барои кори шумо созгор аст? Умед Бобохонов: "Фазо созгор нест. Ин яке аз сабабҳое шуд, ки баъзе рӯзномаҳо баста шуданд ва як қисми журналистон рафтанд. Сабаби дигар ин мушкилоти иқтисодӣ буд. Яъне, на ҳар як рӯзнома ё расона метавонад дар ин шароит фаъолият кунад, чун бозори таблиғотии Тоҷикистон хеле заиф аст. Маблағе, ки расона ба воситаи реклама гирифта метавонад, хеле маҳдуд аст. Агар пул набошад, расона маҷбур аст, ки фаъолияташро қатъ кунад. Барои ҳамин вазъият, чи хеле ки гуфтам, душвориҳои ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ дошт. Дар чанд соли ахир навъи сеюми мушкил пайдо шуд -- мушкили технологӣ. Мо мебинем, ки хонандаи рӯзнома ё шунавандаи радио ба Интернет мегузарад ва Интенерт барои ҷавонон сарчашмаи асосии гирифтани хабар мешавад. Ин проблема аст ва мо бояд роҳи ҳаллашро ёбем. Яъне, чӣ кор кунем, хонандаеро, ки ба Интернет рафт, ба рӯзнома баргардонем ё чӣ хел рӯзномаро ба шароити нав мутобиқ кунем. Мушкилот бисёр ва он мушкилотеро, ки ҳалли он аз дасти мо меояд бояд бартараф кунем." Муфассал: https://www.ozodi.org/a/interview-with-founder-of-asia-plus/30391263.html  

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима